Рӯзи шанбе анҷумани гурӯҳҳои мухолифони узбак дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех ба поён расид. Ширкаткунандагон дар поёни ин анҷуман барномаи фаъолияти ояндаи худро ба тасвиб расонданд. Ҳозирин роҳҳои муносиби барканории Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистонро ба баррасӣ гирифтаанд.
Муҳаммад Солеҳ яке аз раҳбарони мухолифон дар ин мулоқот ширкат дошт. Вай аз соли 1993 дар муҳоҷират ба сар мебарад ва соли 2001 дар Прага боздошт шуда буд, вале баъдтар вақте, ки мақомоти ҷумҳурии Чех иттиҳомоти зидди вайро бепоя хонданд, вай аз боздошт раҳо шуд.
Анҷумани гурӯҳи мухолифони узбак дар Прагаи ҷумҳурии Чех дуввумин анҷумани онҳо дар солҳои ахир аст. Соли гузашта чунин мулоқот бори аввал дар Берлини Олмон баргузор шуда буд.