Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони узбак дар Прага мулоқот мекунанд


Муҳаммад Солиҳ
Муҳаммад Солиҳ
Рӯзи шанбе гурӯҳҳои мухолифони узбак дар шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех мулоқот мекунанд. Онҳо роҳҳои муносиби барканории Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистонро ба баррасӣ гирифтаанд. Каримов ягона раиси уҷмҳури кишварҳои Осиёи Марказист, ки аз соли 1991, яъне аз замони Шӯравӣ то ҳол раҳбариро бар ӯҳда дорад.

Муҳаммад Солиҳ яке аз раҳбарони мухолифон дар ин мулоқот ширкат дорад. Вай аз соли 1993 дар муҳоҷират ба сар мебарад ва соли 2001 дар Прага боздошт шуда буд, вале баъдтар вақте, ки мақомоти ҷумҳурии Чех иттиҳомоти зидди вайро бепоя хонданд, вай аз боздошт раҳо шуд.

Мулоқоти гурӯҳи мухолифони узбак дар Прагаи ҷумҳурии Чех дуввумин мулоқоти онҳо дар солҳои ахир аст. Соли гузашта чунин мулоқот бори аввал дар Берлини Олмон баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG