Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Шамолӣ: “Омодагии тоҷикон ба Олимпиада хуб аст"


Фарҳод Шамолӣ
Фарҳод Шамолӣ

Гуфтугӯ бо бо Фарҳод Шамолӣ, намояндаи Кумитаи миллии олимпии Эрон.

Барои варзишкороне, ки мехоҳанд дар мусобиқоти ҷаҳонӣ натиҷаҳои баланд ба даст оранд, истеъмоли ғизои серкалория хеле муҳим аст. Аммо аксар варзишкорони тоҷик имконияти молии харидории ғизои зарурӣ барои тамрину ширкат дар сабқатро надоранд ва ин мушкили ягонаи варзишгарони тоҷик нест.

Онҳо аз духтурони вижаи варзишӣ, ки реҷаи хӯрдани ғизоро таъйин, вазъи саломатӣ ва таркиби мушаки онҳоро ташхис кунанд, низ бархӯрдор нестанд. Зеро дар Тоҷикистон ин гуна духтурон омода карда намешаванд. Аз ин рӯ, бархе аз варзишкорон ва ё тимҳои варзишӣ аз хидмати духтурони варзишии хориҷӣ истифода мекунанд.

Намояндаи Кумитаи миллии олимпии Эрон, Фарҳод Шамолӣ, яке аз чунин духтурони вижаи варзишист, ки барои муайян кардани реҷаи тамрин ва ғизои таеквандокорони тоҷик ба Душанбе даъват шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Фарҳоди Шамолӣ дар яке аз толорҳои варзишии пойтахти Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд ва ин мусоҳиба пешкаши Шумо мешавад:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00
Линки мустақим


XS
SM
MD
LG