Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзуна Чориева: "Дар ринг фақат ба ёди Худовандам"


Мавзуна Чориева, ки ахиран дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Чин дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 гардид, меҳмони Радиои Озодӣ буд.

Радиои Озодӣ: Мавзуна Шуморо бо роҳхати олимпӣ ва медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ табрик мегӯем. Хоҳиш дорем, дар бораи натоиҷи сабқати худ бо рақибонатон мухтасар иттилоъ бидиҳед.

Мавзуна Чориева: "Дар нахустин даври мусобиқа бар муштзани Беларус Алла Яршевич дар раунди чорум бинобар бартарии комил ва аз идомаи сабқат даст кашидани рақибам дастболо шудам. Дар даври баъдӣ Каролина Грасюки лаҳистонӣ, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2010-умро, аз рӯи холҳо бо ҳисоби 20:10, шикаст додам. Рақиби севуми ман дар даври ҳаштякниҳоӣ Антонина Шевченкои қирғизистонӣ буд, ки бар ӯ бо ҳисоби 10:2 ғолиб шудам ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтам. Баъд аз ғалабаи севум маро устодам Мирзо Шамсиев бо роҳхат ба Олимпиадаи Лондон табрик гуфт. Хеле шод шудам, ки орзуи деринаам ҷомаи амал пӯшид. Дар чорякфинал бар Эстелле Моссели (Фаронса) бо ҳисоби 20:12 ғолиб шудам ва ба нимфинал баромадам. Ин дафъа рақиби ман Кэти Тейлори ирландӣ буд, ки аз ман 7 сол калон аст, яъне ӯ 26-сола мебошад ва то ин мусобиқа се бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд. Ман бо ӯ аввалин бор қувваозмоӣ кардам. Бештар ҳуҷум мекардам, вай бошад, худро дифоъ мекард, аз ман мегурехт ва, аслан, зарбаҳои ҷавобӣ мезад. Бахусус дар раундҳои дувуму севум хеле кӯшиш кардам, ки холҳо ба даст биёрам, вале дар раунди охирин як бор ба нагдаун рафтам. Ҳарчанд ин, ба фикри ман, нагдаун набуд. Зарбаи ӯ ба рӯи ман расид, ман инро ҳис накардам, вале довар ҳисобро кушод. Билохира, қувваозмоии мо бо ҳисоби 16:6 ба фоидаи Тейлор анҷом ёфт. Вале ба назари ман доварон ба ӯ таваҷҷӯҳ доштанд ва бинобар ин фарқи холҳо зиёд шуд. Аз мағлубияти худ дар қувваозмоии ниҳоӣ зиқ нашудам, зеро ки боз имкон дорам дар Олимпиадаи Лондон бо ин рақибам рӯбарӯ шавам."



Радиои Озодӣ: Мо қувваозмоии ниҳоиро тамошо кардем ва дидем, ки қади Кэти Тейлор нисбат ба Шумо баландтар аст ва ин бароятон то як андоза мушкил эҷод мекард. Ҳамин тавр не?

Мавзуна Чориева: "Бале. Вақте қувваозмоӣ сар шуд, ӯ зуд ба ҳуҷум гузашт, вале пай бурд, ки зарбаҳои ҷавобии ман сахтанд, аз ман мегурехт. Зарба мезадам, вале қади ӯ, ки нисбат ба ман баландтар аст, на ҳамеша зарбаҳоям ба ҳадаф мерасид. Зарбаҳои ҷавобии ӯ бошад, нишонрас буд."

Радиои Озодӣ: Агар дар Олимпиадаи Лондон рақиби Шумо боз ҳам Кэти Тейлор шавад, он вақт чӣ гуна бо ӯ рақобат хоҳед кард?

Мавзуна Чориева: "Мо ӯро хеле омӯхтем. Бо устодам қувваозмоии ниҳоӣ, ҳар як зарбаи рақибам, усули рақобати ӯро бори дигар меомӯзем ва барои қувваозмоии оянда бо вай ҳамаҷониба омодагӣ мебинем. Умуман, рақибони аслии ман дар Олимпиадаи Лондон қаҳрамону ҷоизадорони сабқати ҷаҳонӣ Тейлор, Очигава ва Ҷонас мебошанд."

Радиои Озодӣ: То Олимпиадаи Лондон нақшаҳои Шумо чӣ гунаанд?

Мавзуна Чориева: "Мо бо роҳбарии мурабиёнамон тӯли як моҳ дар яке аз мавзеъҳои баландкӯҳи Тоҷикистон машқ мекунем. Ба ғайр аз ман, Анвар Юнусов, Соҳибҷон Назаров ва Ҷаҳон Қурбонов, ки соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шудаанд, дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ иштирок хоҳанд кард. Баъдан мо ба Лондон меравем."

Радиои Озодӣ: Баъд аз он ки Шумо дар Чин соҳиби роҳхати олимпӣ ва медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ шудед, Шуморо дар Тоҷикистон чӣ хел қадрдонӣ карданд?

Мавзуна Чориева: Ба ман аз номи раисиҷумҳур ва президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Маликшо Неъматов мошини сабукрави тамғам “ВАЗ-2107” тӯҳфа кард. Инчунин бо мукофоти пулии ширкати “Вавилон-Мобайл” ба маблағи 10 000 сомонӣ, тӯҳфаҳои ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ва ширкати “Султони Кабир” сарфароз шудам, ки аз онҳо хеле сипосгузорам."

Радиои Озодӣ: Дар бораи худ каме маълумот бидиҳед...

Мавзуна Чориева: "Якуми октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам. Дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 5 ва 40 таҳсил кардаам. Баъдан дар Русия таҳсил намудаам. Мактаб-интернати тамоюли варзишии Душанберо хатм кардаам. Ҳоло донишҷӯи соли дувуми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мебошам. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ифои вазифа мекунам, рутбаам лейтенант мебошад. Муҷаррад ҳастам. Дастовардҳои бузурги варзишиам: қаҳрамони Осиё дар соли 2010, барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар соли 2012, барандаи медали бинҷии чемпионати ҷаҳон-2012 ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012."

Радиои Озодӣ: Кӣ Шуморо баъди аз Чин ба Душанбе омадан нахустин шуда табрик кард?

Лаҳзае аз сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Мавзуна Чориева (Акс аз бойгонӣ)
Лаҳзае аз сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Мавзуна Чориева (Акс аз бойгонӣ)
Мавзуна Чориева: "Модарам, ки аз Кӯлоб омада буд, дар фурудгоҳи Душанбе маро аввалин шуда табрик кард. Хеле афсӯс мехӯрам, ки падарам бармаҳал аз олам даргузашт. Ӯ орзу дошт, ки дар чемпионати ҷаҳон, дар Олимпиада иштирок кунам ва муваффақ шавам. Ман аз он хушнудам, ки имрӯз бо дастовардҳои худ рӯҳи падарамро шод намудам."

Радиои Озодӣ: Шумо вақти фароғат бо чӣ корҳо машғул мешавед?

Мавзуна Чориева: "Ман, ки мусулмонам, аввалан намоз мехонам. Зимнан, дар ринг, майдончаи бокс, ҳамеша ба ёди Худованд ҳастам ва ба ғайр аз ӯ ҳангоми набард касе ба ман наметавонад кӯмак кунад. Китобхониро дӯст медорам. Бо устодам Мирзо Каримович, ки ба ӯ ҳамчун падар эҳтиром дорам, дар мавзӯъҳои мухталиф сӯҳбат мекунам."

Радиои Озодӣ: Оё Шуморо ҳамчун қаҳрамон дар кӯчаю бозор мешиносанд?

Мавзуна Чориева: "Орзу доштам, ки мардум маро шиносанд ва раҳмат гӯянд. Шодам, ки дар ҳама ҷо маро мешиносанд ва эҳтиром мекунанд."

Радиои Озодӣ: Оё Шумо дар хонаи худ зиндагӣ мекунед?

Мавзуна Чориева: "Не, ман ду сол аст, ки дар меҳмонхонаи “Варзиш”, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, зиндагӣ дорам. Маблағи зисти маро сарпарастон мепардозанд."

Радиои Озодӣ: Чӣ орзу доред?

Мавзуна Чориева: "Мехоҳам, ки дар Олимпиадаи Лондон ба мисли сабқати ҷаҳонӣ дар Чин мардумро хурсанд кунам.

Сӯҳбати муфассал бо Мавзуна Чориева ва устоди ӯ Мирзо Шамсиевро дар ин ҷо бишнавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG