Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Мурсӣ дар назди ҳаводоронаш


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва исломгарои Миср, дар ҳузури ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира суханронӣ кард. Дар остонаи расми адои савганди Муҳаммад Мурсӣ, ба ҳайси раиси ҷумҳур, ки қарор аст, рӯзи шанбе баргузор шавад, ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин тарафдорони худро бо шиори “Рӯзи гузариши қудрат” ба ин майдон даъват кард. Бо расидан ба қудрат, Муҳаммад Мурсӣ бо генерал Ҳусейн Тантавӣ, раиси Шӯрои Олии Миср, вазири собиқи дифоъ дар аҳди Ҳуснӣ Муборак, даступанҷа нарм хоҳад кард. Бо вуҷуди додани салоҳиятҳои шӯро ба Муҳаммад Мурсӣ, низомиён салоҳиятҳои васеъеро дар даст хоҳанд дошт. Ин шӯро чанде пеш порлумони таҳти назорати исломгароён дар Миссро пароканда карда ва салоҳиятҳои иҷроияи худро бештар намуд.
XS
SM
MD
LG