Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ ба назди ҳаводоронаш ҳозир мешавад


Ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира ҷамъ омадаанд, то суханронии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва исломгарои Мисрро бишнаванд. Дар остонаи расми адои савганд ба ҳайси раиси ҷумҳур, ки қарор аст, рӯзи шанбе баргузор шавад, ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин тарафдорони худро бо шиори “Рӯзи гузариши қудрат” ба ин майдон даъват кардааст, ки дар онҷо Муҳаммад Мурсӣ суханронӣ мекунад. Бо расидан ба қудрат, Муҳаммад Мурсӣ бо генерал Ҳусейн Тантавӣ, раиси Шӯрои Олии Миср, вазири собиқи дифоъ дар аҳди Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Миср даступанҷа нарм хоҳад кард. Бо вуҷуди додани салоҳиятҳои ин шӯрои низомӣ ба дасти Муҳаммад Мурсӣ, низомиён салоҳиятҳои васеъеро дар даст хоҳанд дошт. Ин шӯро чанде пеш порлумони таҳти назорати исломгароён дар Миссро пароканда карда ва салоҳиятҳои иҷроияи худро бештар намуд.
XS
SM
MD
LG