Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии Балх дар Душанбе магистр шуд


Волии Балх дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон имтиҳон месупорад
Волии Балх дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон имтиҳон месупорад
Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон дар Академияи улуми Тоҷикистон рисолаи илмиашро барои ба даст овардани унвони магистри риштаи иқтисод ҳимоят кард.

Оқои Нур ба Радиои Озодӣ гуфт, рисолаи дипломиашро дар мавзӯъи «Танзими ҳуқуқии иттилооти тиҷорат» таҳти раҳбарии Муҳаммад Хонов, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҳимоят кард.

Устод Ато дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз раҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон буд хизмат кардааст.

Ӯ соли 1964 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таваллуд шуда, мактаби миёнаи 11-соларо дар он ҷо хатм кард. Соли 2008 дипломи бакалаври донишгоҳи Билфорди Амрикоро ба даст овардааст.

Аз соли 2002 ба ин сӯ волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон буда, аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG