Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Макаров: "Берун рафтани Ӯзбакистон аз СПАД, қудрати низомии онро кам намекунад"


Иқдоми Узбакистон барои берун шудан аз СПАД вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Рӯзи панҷшанбе, 28 июн матбуот хабар ёфт, ки Ӯзбакистон котиботи СПАД-ро тавассути нотае огоҳ кардааст, ки узвияти худ дар ҳайати ин созмонро бозмедорад. Ҳарчанд сабаби аслии ин тасмими Тошканд шарҳ дода намешавад, тибқи иттилои манобеи Озодӣ, дар ин номае, ки эҳтимолан аввали ҳафтаи ҷорӣ ирсол шудааст, Ӯзбакистон изҳори норозигӣ кардааст, ки ба ҳарфи ин кишвар “гӯш намедиҳанд”.


Николай Макаров, фармондеҳи ситоди нирӯҳои низомии Русия дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо рӯзи ҷумъа гуфт, ки “дар тасмими Ӯзбакистон назар ба паҳлӯҳои мусбат, ҷиҳатҳои манфӣ хеле зиёданд, вале СПАД бе Тошканд ҳам вуҷуд дошта метавонад”. Вай гуфт, ки мавқеи Ӯзбакистон дар солҳои охир дар нисбати СПАД “боиси ташвиши раҳбарони низомии Русия будааст”.

Вай гуфтааст, ки Ӯзбакистон аз ширкат дар нишасти раҳбарони давлатҳо ва мақомоти вазоратҳои дифои кишварҳои узви СПАД ва ё аз имзои баъзе санадҳо худдорӣ мекард. “Амалан Тошканд фаъолияташро дар ин созмон муддатҳо пеш қатъ карда буд, вале ҳоло ин тасмимашро ба чаҳорчӯби қонун даровард”.
Бо зикри ин ки чунин тасмим барои Русия “пешгӯишаванда” будааст, фармондеҳи ситоди нирӯҳои ин кишвар гуфт, “Берун рафтани Ӯзбакистон аз СПАД, қудрати низомии онро кам намекунад”.


Дар Тоҷикистон баъзеҳо тасмими Ӯзбакистонро як «манёври сиёсӣ» медонад.

Дар сӯҳбат бо РО Амирқул Азимов, собиқ Дабири Шӯрои амнияти кишвар гуфт, ки Ӯзбакистон бо ин роҳ мехоҳад аз тарҳи хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон фоидаи молӣ ба даст орад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар нишастҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ матраҳ аст ва кишварҳои ғарбӣ шарикони худро ба берун кардани нерӯ ва таҷҳизот дар Осиёи Миёна низ ҷустуҷӯ доранд.

Қарор аст, нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи тероризм дар Афғонистон бояд то соли 2014 аз қаламрави Афғонистон берун шаванд.

Дар ин замина расонаҳои Қазоқистон аз қавли сиёсатмадор Максим Казначаев менависанд, ки тасмими мутаваққифшавии узвияти Ӯзбакистон дар СПАД ба майли ин кишвар барои сохтани пойгоҳи низомии ИМА дар қаламрави кишвараш, бастагӣ дорад.

«Табиист, ки он тавофуқҳое, ки тайи чанд ҳафтаи ахир ба даст омада буданд, Узбакистонро барои бунёди пойгоҳи низомӣ дар қаламрави худ, дилпур мекунад», гуфтааст Максим Казначаев ба оҷонсии «Интерфакс- Қазоқистон».

Сиёсатшинос бар он бовар аст, ки дар нишасти соли гузаштаи СПАД қароре қабул, шуд ки ҳузури пойгоҳи низомии кишвари сеюми дар қаламрави кишварҳои узви СПАД бояд бо аъзоёни дигари паймон машварат карда шавад.

«Ба хотири фирор аз ҳамагуна расмиёти мувофиқакунонӣ, Ӯзбакистон фаъолияти худро дар СПАД қатъ карданист. Ин ҳама «баҳона» аст», гуфтааст М. Казначаев.

Мақомоти Арманистон гуфтанд, ки дар соатҳои наздик мавқеи худро дар заминаи тасмими мутаваққифшавии узвияти Ӯзбакистон дар ҳайати Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) рӯшан хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷаи Арманистон гуфт, ки дар ин замина президент Серж Сагсян изҳороте хоҳад дод.


Рӯзи панҷшанбе матбуот дар бораи хабари боздошта шудани узвияти Ӯзбакистон дар СПАД огаҳӣ ёфт. Раҳбари дафтари матбуоти ин созмон, Владимир Зайниддинов, гуфт, “чунин нома дастрас шудааст ва ҳоло раҳбарияти созмон мӯҳтавои дархостро мавриди омӯзиш қарор додаанд”.

Тибқи иттилои манобеи мӯътамади Радиои Озодӣ, дархости ҷониби Узбакистон барои қатъи фаъолият дар СПАД чаҳор рӯзи пеш ба Николай Бордюжа фиристода шуд. Тошканд қарори худро бо ин далел тавҷеҳ кардааст, ки “ Созмон дар бисёр масъалаҳо ба гуфтаҳои Узбакистон гӯш намедиҳанд”.



Бори дувум аст, ки Узбакистон узвияташро дар СПАД қатъ мекунад. Дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк кард. Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷон, ки дар он садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун будааст. Узбакистон ҳатто аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд.

Узбакистон ба ҳайси кишвари узви СПАД қариб ҳамеша тамринҳои дастаҷамъии созмонро сарфи назар кардааст ва дар машқҳои моҳи равон дар канораҳои Хуҷанд, аз вуруди техникаи ҳарбии Қазоқистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро доранд.
XS
SM
MD
LG