Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии миллӣ


Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бахшида ба 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ баргузор шуд.

Мусобиқа бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар доир гардид. Инҳо дар вазни худ ғолиб шуданд: Акмалиддин Каримов (55 кг), Миралӣ Хусравов (60 кг), Мустафо Ҳасанов (70 кг), Абдуғанӣ Ҳотамшо (75 кг), Ҷамшеди Иззатулло (80 кг), Саидҷалол Саидов (86 кг), Раҳматулло Абдуллоев (95 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+ 95 кг).

Ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадом ба маблағи 5000 сомонӣ супурда шуд.
XS
SM
MD
LG