Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз 11 банди айбномаи Караҷич лағв шуд


Радован Караҷич дар додгоҳи СММ
Додгоҳи ҷиноятҳои низомии СММ дар шаҳри Ҳайг як банди иттиҳоми Радован Караҷич-раҳбари сербҳои Босния дар давраи ҷанги шаҳрвандии ин кишварро, ки бо куштори дастаҷамъии мардум иртибот дошт, лағв кард. Дар айни замон иттиҳоми дигари куштори дастаҷамъии мардум дар минтақаи Сребренитса по бар ҷост. Моҳи июли соли 19995 дар Сребренитса наздик ба 8000 марду навраси мусулмон ба қатл расиданд.
Караҷич ҳамчунон бо нуҳ айбномаи дигар ва аз ҷумла ҷиноятҳои низомӣ ва ҷиноят бар зидди башарият рӯ ба рӯ мебошад.
XS
SM
MD
LG