Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) аз тими Кувайт бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври севуми гурӯҳи “С” имрӯз, 28-уми июн, дар шаҳри Малаккаи Малайзия, дар варзишгоҳи “Hang Tuah Stadium”, баргузор шуд.

Голи ягонаи бозиро кувайтиҳо бо кӯмаки Аҳтам Назаров, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 75-ум, вориди дарвоза карданд. Бояд гуфт, дар ин бозӣ сардовар Ким Ҷонг Ҳёк (Кореяи Ҷанубӣ) ба ду бозигари Кувайт ва се футболбози Тоҷикистон (Расул Файзов, Қурбоналӣ Собиров ва Фурӯғ Қодиров) бо нишон додани корти зард огоҳӣ дод.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Кувайт чунин буд:
Саидҷон Саидраҳмонов, Сиёвуш Асроров, Алишер Шарифов, Фурӯғ Қодиров, Аҳтам Назаров, Қурбоналӣ Собиров, Расул Файзов, Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев (Абдурасул Раҳмонов, 82), Ҷаҳонгир Эргашев (Бахтиёр Қаландаров, 77), Шодибек Ғаффоров (Умедҷон Шарифов, 55).

Ёдовар мешавем, дастаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, дар бозии дувумаш бар мунтахаби Молдив бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашта буд.

Дар бозии дигари даври севуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” Эрон бар Молдив бо ҳисоби бузурги 7:0 ғолиб омад.
Дар бозии охирини даври севум дар ин гурӯҳ Қатар бар Баҳрайн бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “С” мунтахаби Эрон бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. Тиҳои Қатар ва Кувайт бо 6- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум мебошанд. Дастаҳои Баҳрайн ва Тоҷикистон 3-имтиёзӣ гирифтаанд. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаии охирин ҷойгир шудааст.

Дар даври чаҳоруми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи якшанбе, 1-уми июл, Эрон бо Тоҷикистон, Молдив бо Баҳрайн ва Қатар бо Кувайт рақобат хоҳанд кард.

Натоиҷи бозиҳои даври севум дар гурӯҳҳои дигар:
гурӯҳи “А” - Лубнон – Ироқ – 1:5, АМА – Ҳиндустон – 1:1, Туркманистон – Умон – 1:3.
1.Ироқ – 9 имтиёз. 2.АМА – 7. 3.Умон – 6. 4.Ҳиндустон – 4. 5.Туркманистон – 0. 6.Лубнон – 0.

гурӯҳи “В” - Арабистони Саудӣ – Фаластин – 4:0, Қирғизистон – Покистон – 2:0, Шри-Ланка – Сурия – 0:4.
1.Сурия – 9 имтиёз. 2.Арабистони Саудӣ – 9. 3.Қирғизистон – 3. 4.Шри-Ланка – 2. 5.Покистон – 1. 6.Фаластин – 1.

гурӯҳи “F” - Камбоҷа – Чин – 0:3, Кореяи Шимолӣ – Ҳонконг – 1:0, Лаос – Тайланд – 1:0.
1.Чин – 9 имтиёз. 2.Кореяи Шимолӣ – 9. 3.Тайланд – 3. 4.Лаос – 3. 5.Камбоҷа – 3. 6.Ҳонконг – 0.

гурӯҳи “G” - Филиппин – Вйетнам – 0:9, Тайван – Малайзия – 2:4, Кореяи Ҷанубӣ – Мянмар – 0:0.
1.Кореяи Ҷанубӣ – 7 имтиёз. 2.Мянмар – 7. 3.Малайзия – 6. 4.Тайван – 3. 5. Вйетнам – 3. 6.Филиппин – 0.
XS
SM
MD
LG