Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии санҷиширо бо “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Ин бозӣ дар доираи омодагиҳои футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) бегоҳи ҷумъа, 15-уми июн, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонон, дар дақиқаи 58-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Сафаралӣ Каримов, капитани дастаи «Равшан», дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, ки се бозии пешини санҷишии мунтахаби ҷавонони кишвар бо дастаи мунтахаби вилояти Хатлон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бо “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бо ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфта буд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, рӯзи шанбе, 16-уми июн тавассути ҳавопаймо ба воситаи Дубай озими Малайзия хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн (23-юми июн), Ҷазоири Молдив (25-уми июн), Кувайт (28-уми июн), Эрон (1-уми июл) ва Қатар (3-юми июл) рақобат хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG