Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, хабарҳо дар бораи пуштибонии Маскав аз барномаи гузариш, ки бар пояи он президенти Сурия Башор ал-Асад барканор шуда, дар Сурия ҳукумати ваҳдати миллӣ рӯи кор меояд, асоси воқеӣ надоранд.
Рӯзи чоршанбе як мақоми ИМА ба хабарнигорон гуфта буд, ки Русия барномаи фиристодаи байналмилалӣ Кофӣ Аннонро дастгирӣ мекунад ва ин барнома, ки аз тарафи дигар кишварҳои абарқудрат низ пуштибонӣ мешавад, 30 июн дар Женева матраҳ хоҳад шуд. Вале Лавров мегӯяд, Маскав дахолат дар умури дохилии Сурияро дастгирӣ накардааст ва нахоҳад кард.
Қаблан Маскав гуфта буд, ки ба ҳар гуна фишори хориҷӣ ба хотири барканор намудани Асад мухолиф аст. Мухолифини ҳукумати Сурия мегӯянд, онҳо ҳар нақшаи ҳалли сиёсии бӯҳронро фақат замоне дастгирӣ хоҳад кард, ки дар он истеъфои президент Асад таъкид шуда бошад.