Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба як телевизиони Сурия


Бо идомаи даргириҳо миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатӣ дар Сурия, дасти кам ҳафт нафар дар як телевизиони ҳукуматгарои ин кишвар кушта шудаанд. Телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки субҳи чаҳоршанбе гурӯҳи мусаллаҳе ба телевизиони Ахбория дар шаҳри Друша, 20 километрии ҷануби Димишқ ҳамла карда, се хабарнигор ва чаҳор посбони телевизионро куштаанд. Ахбория телевизиони хусусӣ ва тарафдори сиёсатҳои режими Башшор Асад будааст. Ва имрӯз Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал, аз авҷ гирифтани хунрезиҳо дар Сурия ибрози нигаронии амиқ кард:"Мо аз гузоришҳои ахир дар бораи авҷ гирифтани хушунат ва шиддат гирифтани ҷангҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди давлат дар Сурия бисёр нигарон ҳастем. Мардуми осоиштаи бегуноҳ дар байни тиру оташ мондаанд." Ба гуфтаи муфаттишони Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал тайи се моҳи гузашта нерӯҳои ҳукуматии Сурия, ҳуқуқи инсонро ба таври фоҳиш ва дар ҳадди изтиробангезе зери по кардаанд. Сафири Сурия ин нишастро сиёсӣ хонда ва онро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG