Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испониё ва Португалия ба дидори ҳам мераванд


Бозиҳои мусобиқоти футболи Ҷоми Қаҳрамони Аврупо ба марҳилаи нимниҳоӣ расид, ки Украинаву Лаҳистон онро мизбонӣ мекунанд. Имрӯз дар шаҳри Донетски Украина ду рақиби нерӯманд, Испониё ва Португалия нерӯ меозмоянд. Пауло Бенто, мураббии Португалия эътироф кард, ки бозии имрӯза бо қаҳрамони Аврупо ва ҷаҳон барои шогирдонаш осон нахоҳад буд: "Мо медонем, ки бароямон сахт мешавад, вале дигарон ҳам медонанд, ки мо ҳам метавонем барои испониё мушкили зиёде офарем. Ҳамингуна барои мо ангеза барои бозӣ дорем." Португалия баъди шикаст додани Ҷумҳурии Чех ба марҳилаи ниманиҳоӣ расид ва Испониё баъди пирӯз шудан бар тими миллии Фаронса. Рӯзи панҷшанбе ду довталаби дигари унвони қаҳрамони футболи Аврупо Олмон ва Итолиё дар шаҳри Варшава ба дидори ҳам мераванд.
XS
SM
MD
LG