Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурияро эътироф кард


Башор Асад
Башор Асад
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад иқрор намуд, ки кишвараш дар вазъи ҷанг қарор дорад. Ӯ аз ҳукумат хост, ки барои пирӯзӣ дар ин ҷанг аз ҳама чораҳои зарурӣ кор бигирад. Башор Асад талаби кишварҳои Ғарб барои истеъфоро қатъӣ рад кард.

Дар ҳамин ҳол, бар пояи хабарҳо, рӯзи сешанбе нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин дар канори Димишқ бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд, ки рӯзи гузашта дар Сурия дар маҷмӯъ 116 нафар – 68 сокини осоишта, 41 низомӣ ва 7 ошубгар кушта шуданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ба зарурати даъвати Эрон ба конфаронси байнулмилалӣ оид ба авзоъ дар Сурия таъкид кард. Қарор аст ин нишаст, ки ибтикори фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб оид ба Сурия Кофӣ Аннон мебошад, рӯзи шанбе дар Женева баргузор шавад. Изҳороти Сергей Лавров дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Урдун садо дод.

ИМА, Бритониё, Фаронса ва Чин – чаҳор узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҳанӯз ширкаташон дар конфаронси Женеваро тайид накардаанд.
XS
SM
MD
LG