Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бо Туркия изҳори ҳамбастагӣ кард


Андерс Фог Расмуссен
Андерс Фог Расмуссен
Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, ин паймон “дар канори Туркия хоҳад истод”. Вай ин нуктаро имрӯз баъд аз мулоқоти Шӯрои НАТО дар Бруссел изҳор дошт. Вай гуфт, паймони мазкур “ҷудоипазир” нест.

Ин шӯро имрӯз масъалаи сарнагун сохтани ҳавопаймои низомии Туркия аз сӯи Сурияро баррасӣ кард. 22 июн Сурия ҳавопаймои Туркияро дар обҳои соҳилии байналмиллалӣ сарнагун сохт.

Аз сӯи дигар, Реҷеп Тайиб Эрдуғон-нахуствазири Туркия изҳор дошт, ки низомиёни кишвараш ба ҳар гуна нақзи марз бо Туркия дар оянда ба Сурия посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG