Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони Кӯлоб дар «ҳабси хонагӣ»


Аксари сокинони баландошёнаҳо дар Кӯлоб ба ҷуз «ҳабси хонагӣ»-и кӯдакони хӯрдсолашон дигар роҳе надоранд.

Бибисоро, яке аз ин занҳо мегӯяд, ҳоло тасмим гирифтааст, ки кӯдаки се солаашро ҳамроҳӣ худ дар хона нигаҳ дорад ва ду фарзанди мактабхонашро ба деҳа ба хонаи бобояш барои истироҳат фиристад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ба ин хулоса расид, ки имкони молии равон кардани фарзандонаш ба истироҳатгоҳро надорад ва инчунин дар дохили шаҳр ҳеҷ ҷои хубе барои тафреҳи наврасон мавҷуд нест.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони шӯравӣ ҳангоми бунёди баландошёнаҳо дар назди ҳар кадоми онҳо майдончаи варзишию фароғатӣ сохта шуда буд, вале дар даҳ соли ахир ин маконҳо аз ҷониби афроди пулдор ғасб шуда, ба истгоҳи мошинҳо ва дӯкони фурӯши маҳсулот табдил ёфтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ягона Боғи фарҳангу фароғатии шаҳр ҳеҷ шароите барои бозии кӯдакон надорад. Хонум Бибисоро мегӯяд, агар кӯдаконро «ояндаи миллат» донем, ҳатман бояд сари мушкили имрӯзашон андеша кунем:

- Агар ояндаи онҳоро фикр кунем, бояд ободӣ кунем. Ҳоло ману ҳамсояҳоям маҷбурем, ки кӯдаконро дар хона нигаҳ дорем, ки раҳи мошин набароянд, зеро дар назди бинои баландошёнаи мо майдончаи бозӣ нест. Аз ин рӯ, кӯдакони бечораро маҷбур мекунем, ки дар хона шинанд. Охир, бароянд ҳам куҷо мераванд, чун дар зер мағоза сохтаанд. Дар Боғи фарҳангӣ ҳама таҷҳизоташ кӯҳнаву хароб шудааст, ки одам метарсад, дар онҳо савор шавад. Ними таҷҳизоти ин боғ кор намекунад, ними дигараш вайрону валангору хатарнок гаштааст, - мегӯяд ӯ.

Бо Самандар, як навраси дигар мо дар Боғи фарҳангу фароғат, ягона маконе, ки наврасону ҷавонони Кӯлоб бояд бозӣ кунанд, вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, бархе аз ҳамсолонаш, ки фарзандони афроди доро будаанд, ба истироҳатгоҳҳо ва бархе дигар ба назди хешовандонашон ба деҳот рафтанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳамроҳи додари хурдиаш ба ин боғ омадааст, аммо ҷое барои бозӣ пайдо намекунад.


- Дар бозор пакетҳои салафанӣ мефурӯшам. Бегоҳ барвақттар омадам, ки додарамро тамошо барам. Лекин бубин, ки майдончаи бозиҳо вайрон аст. Дар ин карусел савор шавӣ, талхакаф мешавӣ, зеро вайрон шудааст ва сахт одамро меларзонад ва агар эҳтиёт накунӣ аз болояш афтидан мумкин. Дигар ҳеҷ чизи дуруст надорад, ки бозӣ кунӣ, - мегӯяд ин писарбача.

Сокинони баландошёнаҳо мегӯянд, дигар умед надоранд, ки майдончаҳои бозии назди хонаҳояшонро ҳукумат аз дасти афроди доро гирифта, дубора ба ҳолати аввал баргардонад.

Ин дар ҳолест, ки собиқ сармеъмори шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбат соле пеш гуфта буд, ки ҳатман майдончаҳои бозие, ки аз ҷониби сокинон ғасб шудааст, дубора ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. Ӯ гуфта буд, ки ин майдончаҳо хилофи меъёрҳои шаҳрдорӣ ғасб шудаанд ва дар якҷоягӣ бо комиссияи муштарак онҳоро озод хоҳанд кард. Аммо бо гузашти як сол, тавре аз сӯҳбати сокинон бармеояд, ҳеҷ дигаргуние дар ин самт рух надодааст.

Бо дарназардошти ин ҳолат, сокинон умед доранд, ки таҷҳизоти Боғи фарҳангӣ-фароғатии Кӯлоб дубора таъмир мешаванд.

Аммо Шараф Азизов, директори Боғи фарҳангу фароғат мегӯяд, воқеан, таҷҳизоти боғ дар сӣ соли ахир рӯи таъмиру бозсозиро надидааст ва ин ҳолати бад ба масъулини шаҳр маълум аст. Ӯ мегӯяд, шояд то охири сол барои бозсозии боғ ҳукумати маҳаллӣ маблағ ҷудо кунад.

- Ҳамин хел ваъдаҳо ҳаст, ки каруселҳову таҷҳизот таъмир мешаванд. Раисҳои пештараи шаҳр ваъда карда буданд, вале накарданд, аммо раиси нав ваъдаи ҷиддӣ кард. Мо бовар дорем, ки ӯ ба ваъдааш вафо мекунад ва ин боғ бозсозӣ мешавад. Бозсозии боғ дар нақша ҳаст ва тамоми идораҳои марбута барои он розигӣ додаанд.

Аммо то бозсозии Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб ва дубора эҳё кардани майдончаҳои варзишӣ дар назди баландошёнаҳо, ба гуфтаи сокинон, кӯдакони хурдсоли онҳо дар фасли тобистон дар «ҳабси хонагӣ» боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG