Имрӯз дар шаҳри Харкови Украина муҳокимаи нави Юлия Тимошенко-собиқ сарвазири ин кишвар, оғоз ёфт. Тимошенко бо саркашӣ аз супурдани миллионҳо доллар андоз дар даврони раҳбарии як ширкати хусусӣ муттаҳам мешавад, ки солҳои наввадуми қарни гузашта сарварии онро бар дӯш доштааст.
Тимошенко, ки феълан бо ҷурми сӯиистифода аз мансаб ба муддати ҳафт сол зиндонӣ шудааст, дар мурофиаи рӯзи душанбе аз сабаби беморӣ ҳузур надошт. Иттиҳодияи Аврупо бо ҳадафи назорати муҳокима собиқ президенти Полша ё худ Лаҳистон Александр Квасневский ва сиёсатмадори ирландӣ Пат Коксро ба Украина фиристодааст.
Моҳи равон додситонии Украина гуфта буд, ки эҳтимол Тимошенко дар иртибот бо куштори як сиёсатмадор дар 16 соли пеш низ муттаҳам дониста шавад. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА додситонҳои украиниро бо таҳияи парвандаҳои сиёсӣ маҳкум кардаанд.