Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малайзия муттаҳами эрониро ба Тайланд месупорад


Интерпол гувоҳномаи боздошти чор эрониро содир кард. Моҳи марти 2012
Интерпол гувоҳномаи боздошти чор эрониро содир кард. Моҳи марти 2012
Додгоҳи Малайзия ҳукми истирдоди эронии муттаҳам бо даст доштан дар тарҳрезии ҳамла болои дипломатҳои исроилӣ дар Тайландро тасдиқ кард. Масъуд Садоқатзода айбномаро рад намуда, исрор меварзад, ки бозбинии қазияро талаб хоҳад кард.
Моҳи феврал баъди таркиш дар як хона дар шаҳри Бангкок Садоқатзода дар яке аз фурудгоҳҳои Малайзия боздошт шуд. Полиси Тайланд мегӯяд, дар он хона маводи тарканда ёфт шуда буд. Ҳамчунон ба қавли полис қабл аз таркиш шоҳидон Садоқатзода ва ду эронии ҳамроҳашро дида буданд, ки ин хонаро тарк мекарданд. Полиси Тайланд ҳамроҳони Садоқатзодаро боздошт намудааст. Мақомоти Тайланд бар ин ақидаанд, ки эрониҳо мехостанд дипломатҳои исроилиро мавриди ҳамла қарор диҳанд. Як рӯз пеш аз таркиш дар Тайланд дар назди сафоратҳои Исроил дар Ҳиндустону Гурҷистон таркишҳо ба омада буданд.
XS
SM
MD
LG