Ҳукумати Тунис нахуствазири собиқи Либия дар замони қудрати Муаммар Қаззофиро ба Троблус истирдод кард. Ба иттилои расонаҳои хабарии ду кишвар, Алӣ Бағдодӣ Ал-Маҳмудӣ рӯзи якшанбе тавассути ҳавопаймо аз Тунис ба пойтахти Либия оварда шуд. Вазорати дифои Либия хабар дод, ки Ал-Маҳмудӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст.
Алӣ Ал-Маҳмудӣ охирин рӯзҳои қудрати Қаззофӣ ба Тунис фирор кард. Ӯ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тунис 21 сентябри соли гузашта дастгир шуда буд.
Алӣ Ал-Маҳмудӣ охирин рӯзҳои қудрати Қаззофӣ ба Тунис фирор кард. Ӯ аз сӯи нерӯҳои амниятии Тунис 21 сентябри соли гузашта дастгир шуда буд.