Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Мисрро эълом мекунанд


Мақомоти расмии Миср гуфтаанд, ки рӯзи якшанбе натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом мекунанд. Ҳарду номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Миср, Муҳаммад Мурсӣ аз ҳизби исломгарои Ихвон-ул-Муслимин ва Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқ дар рӯзҳои ахири аҳди раиси ҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак, худро пирӯзи интихобот эълом кардаанд. Дар остони эъломи ин натиҷаҳо даҳҳо ҳазор нафар дар майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира ҷамъ омадаанд. Тазоҳургарон алайҳи Шӯрои Олии низомиёни ҳоким бар Миср эътироз доранд, ки ҳафтаи гузашта баъди пароканда кардани порлумони таҳти назорати исломгароён, салоҳиятҳои иҷроияи худро бештар карданд. Аммо Шӯрои Олӣ гуфтааст, ки ба талабҳои тазоҳургарон тан нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG