Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди ОДКБ ба тақвияти марзҳои Тоҷикистон


ОДКБ бар зарурати расонидани кӯмак ҷиҳати таъмини муҳофизати марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кардааст.

Дар нишасти навбатии намояндагони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ, ки рӯзе қабл (22-юми июн) дар Маскав баргузор шуд, вазъияти Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014-ум ва таҳдидҳои эҳтимолӣ дар пайи он ба минтақа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин нишаст таъкид шуда, ки кишварҳои узви ОДКБ ҷиҳати рафъи хатарҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон дар доираи муносиботи дуҷониба бояд ба Тоҷикистон, ки марзи 1400-километрӣ бо Афғонистонро ҳимоят мекунад, ёрӣ бирасонанд.

Зимнан, масъалаи суботи сиёсӣ ва низомии Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар дар соли 2014-ум дар ин чанд вақти охир ба як мушкили байналмилалӣ табдил шудааст. Зеро тақвияти ҳузури Толибон дар Афғонистон ва номуайянии вазъи ин кишвар баъд аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ ва бар изофа афзоиши босуръати тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон боиси нигаронии шадиди кишварҳои абарқудрат ва ҳамҷавор шудааст. Бар изофа, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои мазҳабии мусаллаҳе таҳти ҳимояти Толибон ва "Ал-Қоида" амал мекунанд, ки таҳдиди мустақим ба суботи низомҳои мавҷуд дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шинохта мешаванд.

Ба ин далел, Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, бовар дорад, ки таъмини марзбонони тоҷик бо васила ва таҷҳизоти муосири низомӣ як амри ногузир хоҳад буд. Ҷаноби Раҳматов гуфт, худ мушоҳида кардааст, ки сарбозони тоҷик дар марз ҳатто бо либоси лозимӣ таъмин нестанд: "Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон имконият надоранд. Ман ба ноҳияи Ишкошим рафтам. Ишкошим бо Афғонистон тахминан 100 километр марз дорад. Сарҳадбонҳои мо дар онҷо бо "сланси"-ву калӯш хидмат мекунанд. Инро ба чашми сар дидам. ОДКБ ин пеш аз ҳама Русия аст ва фикр мекунам боз ҳам Русия мемонад, ки кӯмак кунад."

Исмоил Раҳматов изофа кард, ки Афғонистони баъд аз хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ дар он ҳолат ба кишварҳои минтақа таҳдид ва хатар хоҳад буд, ки дар он як давлати собиту устувор сари кор наомада бошад.

Аммо Раҳматулло Абдуллоев, як масъули Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа дар шаҳри Душанбе, бар ин назар аст, ки нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) Афғонистонро ба пуррагӣ тарк намекунанд ва онҳо дар амри ҷилавгирӣ аз бесуботӣ дар марзҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ёрӣ хоҳанд кард. Вале аз тарафи дигар, мегӯяд ҷаноби Абдуллоев, ӯ бар ин бовар нест, ки ҳатто баробари сари қудрат омадани Толибон онҳо дафъатан дар пайи эҷоди ноамниву бесуботӣ дар марзҳо, аз ҷумла марзи Тоҷикистон бишаванд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим


"Дар сурати дар Афғонистон омадани дигар нерӯҳо онҳо наметавонанд, ки дафъатан ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон, таҳдид кунанд. Дар муқобили онҳо ҳамон мушкилоте хоҳад истод, ки дар солҳои навадум ва дар солҳои баъдӣ вуҷуд дошт. Ин мушкилот дастрасӣ ба сулҳ, ваҳдат ва ягонагӣ дар Афғонистон аст",-мегӯяд Абдуллоев.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, гуфт мутмаин нест, ки барои мисол Узбакистон ҷиҳати таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ба Тоҷикистон кӯмак кунад ва ё Қирғизистон низ тавоноии чунин ёриҳо ба Тоҷикистонро дошта бошад. Вале ин кӯмакҳо дар сурати ворид шудан умдатан аз Русия сурат хоҳад гирифт. Зеро Русия чорае ба ҷуз аз кӯмак кардан ба Тоҷикистон дар масъалаи марз надорад, вагарна ин кишвар бо мушкилоти сарозер шудани миқдори зиёди маводи мухаддир ва ҳамчунин аз даст додани мавқеаш дар минтақа рӯбарӯ хоҳад шуд.

Давлати Тоҷикистон ҳузури беш аз садсолаи нерӯҳои марзбонии Русия дар марзҳояшро дар соли 2005-ум аз байн бурд ва ҳоло шумори андаки мушовирони низомии ин кишвар дар ҳифзи марз ба ҳамтоёни тоҷики худ кӯмак мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Амрико дар чаҳорчӯби барномаҳои мухталиф ба давлати Тоҷикистони ҷиҳати таҳкими марз кӯмакҳои зиёд мерасонанд.
XS
SM
MD
LG