Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои тоҷирони "Саховат" сари пардохти ҳаққи давлат


Як гурӯҳ аз тоҷирони бозори «Саховат»-и Душанбе ба дунболи иқдомоти ахири раҳбарияти бозор, бо кирояи вакили дифоъ тасмим гирифтаанд баҳси худро бо раҳбарият дар додгоҳ идома диҳанд.

Айнулло Сафаров, яке аз ин тоҷирон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ба дунболи тафтиши маъмурияти бозор аз сӯи мақомоти шаҳрии оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ба онҳо хабар додаанд, ки ҳаққи иҷора аз амволи давлатии дӯконҳои иҷораи онҳо, тӯли ду соли ахир пардохт нашудааст.

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, ин дар ҳолест, ки пардохти иҷораи амволи давлатии дӯконҳо ҳаққи соҳибмулк, яъне маъмурияти бозор ва муасисиони бозор аст, тоҷирон иҷорагиранд ва бо маъмурияти бозор шартномадоранд, ки ин талаботи шартномаро иҷро кардаанд.

Бар изофа ба гуфтаи ӯ дар қарордоди миёни тоҷирон ва маъмурияти бозори «Саховат» омадааст, ки иҷорагир танҳо бояд ҳаққи истифода аз хадамоти коммуналиро пардохт кунад.

Ин тоҷири «Саховат» мегӯяд, ӯ дуконеро иҷора гирифтааст, ки ҳудуди 23 метри мурабаъ ҳаҷм дорад ва бояд ӯ иҷора аз амволи дусолаи давлатии ин дӯконро ҳудуди 12 ҳазор сомонӣ пардозад. Шумораи инчунин дӯконҳо бештар аз 100 адад будааст.

Дар ҳамин ҳол Бозоралӣ Одинаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси бозори «Саховат»-и Душанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» иддаои тоҷирони бозорро бепоя хонд ва гуфт, иҷораи амволи давлиро тоҷирон то соли 2010 пардохт кардаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ тули ду соли ахир бо сабабҳои номаълум иҷора аз амволи давлатӣ аз сӯи соҳибкорони бозор пардохт нашудааст.

Иҷрокунандаи раиси бозори «Саховат» ҳамзамон афзуд дар сурати идомаи баҳс дар додгоҳ раёсати бозор бо пуштибонии бахши шаҳрии Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон омодаанд, ки мавқеи худро дар додгоҳ ҳимоят кунанд.
XS
SM
MD
LG