Дар Озарбойҷон сардабири нашрияи мустақили “Толиши Садо” чопи Боку, бо иттиҳоми нигаҳдории маводи мухаддир боздошт шудааст. Ба қавли институти ғайридавлатии сулҳ ва демократия, воқеъ дар пойтахти Озарбойҷон, рӯзи панҷшанбе афроди номаълум Ҳилол Мамедовро рабуда, рӯзи ҷумъа ба наздиконаш хабар додаанд, ки номбурда бо иттиҳоми нигаҳдошти маводи мухаддир боздошт шудааст. Хешовандони Мамедов мегӯянд, ӯ ҳеҷ гоҳ маводи мухаддир истеъмол накардааст ва эҳтимол ин ҳабс ҳадафҳои сиёсӣ дорад. Рӯзномаи Мамедов ба забони толишӣ, ки яке аз лаҳҷаҳои забони форсӣ мебошад, ба табъ мерасад. Пешвои ақаллияти толишҳои Озарбойҷон Наврӯзалӣ Мамедов, ки қабл аз Ҳилол Мамедов мақоми муҳаррири ин нашрияро бар дӯш дошт, соли 2009-ум дар зиндон вафот кард. Додгоҳи Озарбойҷон ӯро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Эрон ба мудатти даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда буд.