Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калуши "нуқрагӣ" барои сарояндаи "ВВП"


Барои таронаи "ВВП" ба муҳоҷири тоҷик Толибҷон Қурбонхонов ҷоизаи рамзии "Калуши нуқрагӣ" тақдим шуд.

Толибҷон Қурбонхонов, муҳоҷири тоҷик ва муаллифи таронаи маъруфи «ВВП», ки чанде қабл дар интерент сару садоҳои зиёдро баланд кард, барандаи ҷоизаи «Калуши нуқрагӣ» шуд. Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки маросими тақдими ин ҷоиза рӯзи 19-уми июн дар шаҳри Маскав баргузор шудааст ва ин ҷоизаро шабакаи радиоии «Борони нуқрагин» таъсис додааст. Ҷоизаи «Калуши нуқраги» рамзӣ аст ва ба ин ҷоиза “барои дастовардҳои шубҳаовар” сарфароз карда мешаванд.

Таронаи «ВВП»-и Толибҷон Қурбонхонов дар ситоиши Владимир Путин аз замони пахш шуданаш ҳам дар Русия ва ҳам миёни тоҷикон баҳсбарангез буд. Қисме онро ҳунармандона ва боарзиш мехонданд ва қисме ҳам беҳунарона ва тамаллуқкорона. Аммо чизе ки тарафдорону мухолифони ин сурудро ба ҳам пайванд медод, таваҷҷӯҳ ба он буд. Ҳазорон нафар дар ҳошияи ин тарона дар сафҳаҳои гуногуни интернетӣ бо ҳам баҳс мекарданд. Бархе изҳори шубҳа мекарданд, ки ин тарона аз тарафи ситоди пешазинтихоботии Путин омода шудааст, вале намояндагони ситод ин хабарҳоро рад карданд. Бар ҳар сурат таронаи Толибҷон Қурбонхонов дар маъракаи таблиғотии Путин нақши муайяне бозидааст. Дар он Путин «атои худованд» ва паёмбаре номида мешуд, ки Русия наҷот додааст.

Ин суруд шикоятҳоро низ ба бор овард. Андрей Воронин, сокини шаҳри Маскав ва яке аз ҷонибдорони Владимир Путин ба Кумитаи марказии интихоботии Русия шиква кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо иҷрои таронаи "ВВП" Владимир Путинро таҳқир кардааст. Илова бар ин, навиштааст Воронин, суруд бо лаҳҷаи осиёимиёнагӣ иҷро шуда, қоидаҳои талаффузи забони русӣ дар он дағалона поймол шудааст ва пахши ин тарона бояд расман манъ шавад.

Дар ҷавоб Қурбонхонов таронаи дуюм ва мадҳи бештари Путинро дар интернет пахш кард. Дар ин тарона Толибҷон на танҳо бори дигар ба мадҳи Путин пардохт, балки изҳори хушҳолӣ ва шукргузорӣ кард, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи март, Владимри Путин пирӯз омад.

Ҳангоми тақдими «Калуши нуқрагин» ба Толибҷон Қурбонхонов намояндаи Радиои “Борони нуқрагӣ” гуфт, ин мукофот барои “талоши сарсахтонаи дарёфти сабтином дар Маскав” дода шудааст.

Дар баробари Толибҷон Қурбонхонов ҷоизаи «Калуши нуқрагин»-ро ба Владимир Гунаев, Патриархи Маскав дар бахши “Дастони зери бағали интизори мӯъҷиза” барои дар акс пок карда шудани соаташ низ тақдим гардид.

«Калуши нуқрагин»-ро Владимир Жириновскийи миллатгаро дар номинатсияи “Савораи хар ва ё сояи таблиғот” барои “муносиботи дурушт бо интихобкунандагон” низ сазовор шудааст.

Ҷоизаи «Калуши нуқрагин» соли 1996 таъсис ёфта, дар ин муддат 50 нафар намоядагони шоу-бизнес соҳиби «Калуши нуқрагӣ» гардиданд. Аз ҷумл, ситораҳои Русия – Бари Алибасов, Филипп Киркоров, Николай Басков, гурӯҳи «Мумий Тролль», Алсу ва теъдоди дигар барои таронаҳо ё изҳори назарҳои нокоми худ ин ҷоизаро дарёфт кардаанд
XS
SM
MD
LG