Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои баргузории ҷашни «Ваҳдати миллӣ» муқаррароти гашту гузор бо шиноснома ҷорӣ мешавад.
Вазорат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки “бояд барои пешниҳоди шиносномаҳояшон ва ҷои зисти муваққатии худ ба кормандони милитсия кӯмаки шаҳрвандии худро расонанд. Ин пеш аз ҳама барои пешгирии ҳамагуна қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мусоидат хоҳад кард»
Рӯзи «Ваҳдати Миллӣ» дар Тоҷикистон 27 июн ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиюни тоҷик дар шаҳри Маскав таҷлил карда мешавад.