Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи Португалия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Кристиано Роналдо
Кристиано Роналдо
Португалия аз нахустин дастаҳое мебошад, ки дар бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии “Аврупо-2012” ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Шоми рӯзи панҷшанбе Кристиано Роналдо дар дақиқаи 80 бозӣ голи ягонаро ба дарвозаи дастаи ҷумҳурии Чех зад ва дастаи худро ба пирӯзӣ расонд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Варшава баргузор шуд. Ин севвумин голи Роналдо дар ин мусобиқот мебошад. Португалия дар давоми бозӣ бар дастаи ҷумҳурии Чех бартарии бештар дошт ва метавонист бештар гол занад. Дар даври ниманиҳоӣ дастаи Португалия бо ғолиби бозии Испания-Фаронса бозӣ мекунад. Имрӯз дар шаҳри Гданск бозии чаҳорякниҳоии дастаҳои Олмон ва Юнон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG