Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, сарвари раёсати тиббии вазорати умури дохилии Русия ҳангоми гирифтани ришва боздошт шудааст. Ба қавли Владимир Маркин сухангӯи Кумитаи тафтишот рӯзи чоршанбе аснои гирифтани дувуним миллион рубли русӣ, ки муодили 76 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, генерал Юрий Сабанин дастгир шуд. Бо гирифтани ин пул Сабанин мебоист созиши идомаи ҳамкории як ширкати хусусӣ бо вазорати умури дохилиро таъмин мекард. Маркин илова кард, ки соли гузашта ин ширкат ба Сабанин бахши аввали ришваро дода буд, ки ба як миллион рубли русӣ мусовӣ будааст. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия афзуд, вақти боздошт Сабанин ибтидо кӯшиш кард, хатаи пулро аз тиреза ҳаво диҳад ва сипас вонамуд кард, ки бо сактаи қалб мувоҷеҳ шудааст.