Ҳукумати Урдун мегӯяд, имрӯз як халабони ҳавопаймои ҷангии Сурия дар пойгоҳи ҳавоии кишвари ҳамсоя ба замин нишастааст аз Урдун паноҳгоҳи сиёсӣ талаб кардааст. Мақомоти расмии Сурия ва Урдун дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои ғарбӣ тасдиқ кардаанд, ки як ҳавопаймои Миг-21-и истеҳсоли Русия, ки ба нерӯҳои Сурия марбут будааст, дар пойгоҳи ҳавоии Шоҳ Ҳусайни Урдун ба замин нишаст. Ин пойгоҳ дар минтақаи Мафрақ, воқеъ дар наздикиҳои марзи Урдун бо Сурия ҷойгир аст. Расонаҳои Сурия мегӯянд, дар ҷараёни тамрини ҳавоӣ алоқа бо ҳавопаймо қатъ шуда буд.