Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавошиносони тоҷик: "Ҳаво сард ва боронӣ мешавад"


Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз тағйири камсобиқаи ҳавои ин кишвар дар рӯзҳои оянда хабар медиҳад.Бинобар иттиллои ин Оҷонсӣ, интизор меравад сар аз рӯзи ҷумъаи 22-юми июн то рӯзи 24-ум ва шояд 25-ум ҳаво дар Тоҷикистон тағйир ёфта, ҳарорат то 7 дараҷа пойин шавад. Ба гуфтаи манобеи ин Оҷонсӣ, дар ин рӯзҳо ҳаво дар ҷумҳурӣ абрӣ шуда, резиши бориши шадид ва фаромадани селоб аз эҳтимол дур нест.

Манбаъ меафзояд, дар бархе аз манотиқи кишвар бориши жола низ дар назар дошта мешавад. Аз ин ҷост, ки мақомот ва ниҳодҳои умури изтирории кишвар барои рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ омода мешаванд. Бар пояи маълумоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон коҳиши мизони гармӣ ва резиши борону фаромадани селоб дар моҳи июн дар кишвар камсобиқа мебошад. Аз ин пештар дар солҳои 1998 ва 2002-юм ҳаво дар фасли тобистон дар Тоҷикистон тағйир карда ва дар моҳи июн боришоти шадаид ба амал омада будааст.
XS
SM
MD
LG