Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварону нозирони бозиҳои даври 12-уми Лигаи олӣ


Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишварро тасдиқ кард.

Як бозӣ рӯзи 23-юми июн ва се бозӣ рӯзи 24-уми июн баргузор мешаванд. Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии дигари даври 12-уми мусобиқаи Лигаи олӣ ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Энергетик” (Душанбе) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Гвардия” (Душанбе) - ССКА “Помир” (Душанбе) бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, мавқуф гузошта шуд. Бозии “Гвардия” бо ССКА “Помир” 21-уми июл (сешанбе) ва бозии “Энергетик” бо “Вахш” 25-уми июл (шанбе) баргузор хоҳанд шуд.”

Даври 12-ум
23-юми июн, шанбе.


«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Исматулло Мӯъминов (Хуросон), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Аъзамҷон Бӯриев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Солеҳ Бухориев (Восеъ).

24-уми июн, якшанбе

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Холмурод Зардов (Душанбе). Нозири бозӣ: Валерий Урунов (Душанбе).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Хайём Пиров (Шаҳринав), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак). Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарифов (Душанбе).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Қурбонмаҳмад Каримов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду – Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Мирзо Мамадҷонов (Душанбе).
XS
SM
MD
LG