Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) -”Равшан” (Кӯлоб), ки бар асоси ҷадвали бозиҳо мебоист 16-ум ва 17-уми июн барпо мегашт, ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, гирифта шуд.”
Ба ин тартиб, рӯзи шанбе, 16-уми июн, ду бозии даври 11-ум миёни дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Ҳосилот» (Фархор) ва «Зарафшон» (Панҷакент) - «Истаравшан» (Истаравшан) баргузор мешавад.
Ду бозии дигар рӯзи якшанбе, 17-уми июн, миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хайр» (Ваҳдат) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе) барпо мегардад. Бозиҳо соати 17.30 оғоз меёбанд.