Раёсати Амнияти Милии Афғонистон ба телевизиони “Тулӯъ”-и ин кишвар гуфтааст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ талош доранд аз хоки Покистон барои анҷоми амалиёти террористӣ вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
Шафиқулло Тоҳирӣ-муовини сухангӯи ин раёсат гуфтааст, гурӯҳҳои террористие, ки дар Вазиристони Шимолӣ фаъолият мекунанд, талош доранд бо кӯмаки ҷангиёни тоҷику узбак ба амнияти Тоҷикистон таҳдид кунанд. Ба ин гурӯҳҳо афроди шабакаи ал Қоида ва шабакаи Ҳаққонӣ дохил мешаванд.
Шабакаи дигари телевизионии Афғонистон бо номи Ariana TV бо такя ба мақомоти интизомӣ гуфтааст, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ба суфуфи худ аз ҳисоби сокинони маҳаллии Тоҷикистон афроди навро ҷалб мекунад. Онҳоро барои таълим ба урдугоҳҳои Покистон мефиристанд, то ба Тоҷикистон барагарданд ва амалиёти террористӣ анҷом диҳанд.
3 маи соли ҷорӣ Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро мамнӯъ эълон кард. Тибқи хабарҳои матбуотӣ, қаблан Муҳаммадюҷон Хайруллоев-намояндаи додситонии Тоҷикистон эълон карда буд, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” як шохаи Ҳаракати Исломии Узбакистон аст ва онро ал Қоида сармоягузорӣ мекунад.