Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҷумҳурии Чех бо Португалия бозӣ мекунад


Имрӯз дар Варшава нахустин бозии чаҳорякниҳоӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи “Авпупо-2012” баргузор мешавад. Дастаи ҷумҳурии Чех бо дастаи Португалия бозӣ мекунад. Чехҳо умедворанд, ки мисли соли 1996 дар роҳи расидан ба бозии ниҳоӣ бар дастаи Португалия пирӯз шаванд. Баъд аз пирӯзӣ бар Португалия ҳамон сол чехҳо дар бозии ниҳоӣ аз дастаи Олмон мағул шуда буданд. Дар бозии имрӯз сардастаи чехҳо Томаш Роситский ба майдон нахоҳад омад. Вай лат хӯрдааст. Кристиано Роналдо-ситораи дурахшони дастаи Португалия умед дорад, ки мисли соли 2008 ба дарвозаи чехҳо гол мезанад ва дастаашро ба пирӯзӣ мебарад. Соли 2008 Португалия чкхҳоро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голро Роналдо зада буд.
XS
SM
MD
LG