Мақомоти амниятии Покистон гуфтанд, ки як ҷангии фаронсавии алҷазоириаслро боздошт карданд, ки дар шабакаи Ал-Қоида як раҳбари муҳим будааст. Мақомот гуфтанд, шахсе бо исми Наим Мезише дар як рейди марзи Покистон бо Эрон дар хоки вилояти Балуҷистон ба даст афтод. Бовар меравад, ки Мезише бо ҷангиёни бахшҳои аврупоии Ал-Қоида иртибот дошта, дар хоки Покистон ё Эрон пинҳон мешуд. Матбуот мегӯяд, ки Мезише бо раҳбари дигари Ал-Қоида Юнус Ал-Мавританӣ, ки сентябри порсол аз ҷониби мақомоти покистонӣ боздошт шуд, аз наздик кор мекард. Ӯ низ дар Балуҷистон, ки ҳаммарз бо Эрон аст, боздошт шудааст.