Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 июн - рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аст


СММ 20 июнро рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон унвон карда, аз талошҳои ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти даҳҳо миллион фирориёну муҳоҷирон дар саросари олам пуштибонӣ мекунад. Назар ба иттилои СММ, имрӯз беш аз 43,7 миллион нафар дар ҷаҳон дар хориҷ ва дохили кишвари худ дар мавқеи фирорӣ ба сар мебаранд. Ҳунарпешаи маъруфи Ҳолливуд ва сафири сулҳи Комиссариати умури паноҳандагони СММ дар як пайёми видеоиаш дар ин рӯз гуфт:

- Ҳар дақиқа дар ҷаҳон ҳашт нафар маҷбур мешаванд, ки аз оташи ҷанг ва ё таъқибҳо хонаи худро тарк кунанд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки муҳоҷир шавад. Имрӯз 43 миллион одам аз ҷояш беҷо шудааст. Мо онҳоро дар ёд хоҳем дошт”.

Соли гузашта 800 ҳазор нафари нав аз ҳисоби шаҳрвандони Либия, Судон ва Сомалӣ ба қатори фирориҳо пайвастанд. Афғонистон бо 2,7 миллион фирориаш ҳамоно дар садри аввали кишварҳои содиркунандаи паноҳандагон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG