Оҷонсии ИМА оид ба рушд мегӯяд, ки системаи таъмини оби нӯшокиро ба муассисаи обтаъминкунии ноҳияи Бохтар барқарор карда супурдааст. Ин муассиса зиёда аз 1900 бошандагони шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтарро бо оби нӯшоки таъмин менамояд. Ин лоиҳа қисми барномаи USAID оид ба «Ташаббуси рушди маҳаллӣ» буда, дар 6 ноҳияи Тоҷикистон барои беҳтар шудани сифати идоракунии маҳаллӣ ва хизматрасонӣ амалӣ мешавад. Раҳбари минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки «Манбаҳои тозаи оби нӯшокӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, яке аз мақсадҳои дарозмуддати USAID мебошанд, ки онҳо ба беҳтар намудани саломатӣ мусоидат намуда, ба афзоиши иқтисодӣ ва сулҳу субот дар минтақа таъсири бевосита мерасонад.