Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гузориши қочоқи инсон дар ҷаҳонро нашр кард


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гузориши солонаи худро дар бораи қочоқи инсон ба нашр расондааст. Бино ба ин гузориш, Эрон дар ин замина бадтарин вазъро доштааст. Ин гузориш, ки қочоқи инсон дар миқёси ҷаҳониро дар бар мегирад, дар бораи корҳои маҷбурӣ, ғуломии кӯдакон, қочоқи чинсӣ дар саросари ҷаҳон маълумотҳоро ҷамъоварӣ кардааст. 27 миллион нафар мардону занон ва кӯдакон аз навъҳои гуногуни қочоқ осеб дидаанд.

Дар миёнии кишварҳои Шӯравии пешин вазъи Гурҷистон беҳтар аст ва он дар гурӯҳи кишварҳои аввал дохил мешавад. Арманистону Қазоқистон, Қирғизистону Молдова, Монтенегрову Босния, Украинаву Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои дуввум ҷой гирифтаанд ва онҳо кишварҳое ба шумор мераванд, ки барои мубориза бо қочоқи инсон талоши ҷиддӣ ба харҷ медиҳанд.

Дар гурӯҳи кишварҳои “Зери назорат” Эрону Афғонистон, Озарбойҷону Беларус, Узбакистону Туркманистон, Русияву Покистон ва Ироқ дохил мешаванд. Ин кишварҳо мумкин аст ба гурӯҳи кишварҳои севвум, яъне ба гурӯҳи кишварҳои хатарнок билағзанд.
XS
SM
MD
LG