Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro-2012: Испания ва Италия ҳам дар чорякфинал


Шаби 18-уми июн бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дар гурӯҳи C баргузор шуданд.

Ҳарду бозӣ дар як вақт дар Лаҳистон сурат гирифт. Дар шаҳри Гданск Хорватия ва Испания рақобат карданд. Бозӣ бо ғалабаи испаниҳо бо ҳисоби 1:0 поён ёфт. Гол: Навас (88).

Бозии дастаҳои мунтахаби Италия ва Ирландия дар шаҳри Познан баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи итолиёвиҳо ба охир расид. Голҳо: Кассано (35), Балотелли (90)

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи С мунтахаби Испания бо 7 имтиёз ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Италия бо 5 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Хорватия бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Ирландия бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Аз ин гурӯҳ Испания ва Италия ба мисли Ҷумҳурии Чех ва Юнон (гурӯҳи А), Олмон ва Португалия (гурӯҳи В) ба чорякфинал баромаданд. Вале Хорватияву Ирландия ба мисли Русияву Лаҳистон (гурӯҳи А), Данияву Ҳолланд (гурӯҳи В) ва Шветсия (гурӯҳи D) аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷумҳурии Чех бо Португалия (21-уми июн), Олмон бо Юнон (22-юми июн), Испания бо дастае, ки дар гурӯҳи D дувум мешавад (23-юми июн) ва Италия бо ғолиби гурӯҳи D (24-уми июн) рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Алан Дзагоев (Русия), Марио Гомес (Олмон) ва Марио Манҷукич (Хорватия) бо 3-голӣ пешсафанд. Андрей Шевченко (Украина), Ватслав Пиларж (Ҷумҳурии Чех), Никлас Бендтнер (Дания), Фернандо Торрес (Испания), Сеск Фабрегас (Испания), Петр Йирачек (Ҷумҳурии Чех), Микаэл Крон-Дели (Дания) ва Криштиан Роналду (Португалия) дуголӣ задаанд. Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин аз рӯи нишондоди гол+пас Марио Гомес бо 4 (3+1) дар ҷойи аввал мебошад.

Имшаб, 19-уми июн, дар Украина ду бозии охирин дар гурӯҳи D миёни дастаҳои мунтахаби Шветсия – Фаронса дар шаҳри Киев ва Инглистон - Украина дар шаҳри Донетск баргузор мешавад. Ҳарду бозӣ дар як вақт – соати 23:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:

Гурӯҳи A

08 июн, 21:00 Лаҳистон — Юнон – 1:1
08 июн, 23:45 Русия — Ҷумҳурии Чех — 4:1
12 июн, 21:00 Юнон — Ҷумҳурии Чех – 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон —Русия – 1:1
16 июн, 23:45 Юнон — Русия – 1:0
16 июн, 23:45 Ҷумҳурии Чех — Лаҳистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи А: 1. Ҷумҳурии Чех – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 4-5). 2. Юнон – 4 (3-3). 3. Русия – 4 (5–3). 4. Лаҳистон – 2 (2-3).

Гурӯҳи B

09 июн, 21:00 Ҳолланд — Дания — 0:1
09 июн, 23:45 Олмон — Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания — Португалия – 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд — Олмон – 1:2
17 июн, 23:45 Португалия— Ҳолланд – 2:1
17 июн, 23:45 Дания — Олмон – 1:2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи В: 1. Олмон – 9 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 5-2). 2. Португалия – 6 (5-4). 3. Дания – 3 (4–5). 4. Ҳолланд – 0 (2-5).

Гурӯҳи C

10 июн, 21:00 Испания — Италия — 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия — Хорватия — 1:3
14 июн, 21:00 Италия — Хорватия – 1:1
14 июн, 23:45 Испания — Ирландия – 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия — Испания – 0:1
18 июн, 23:45 Италия — Ирландия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи С: 1. Испания– 7 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 6 -1). 2. Италия – 5 (3-2). 3. Хорватия – 4 (4–3). 4. Ирландия – 0 (1-9).

Гурӯҳи D

11 июн, 21:00 Фаронса — Инглистон – 1:1
11 июн, 23:45 Украина — Шветсия – 2:1
15 июн, 21:00 Украина — Фаронса – 0:2
15 июн, 23:45 Шветсия — Инглистон – 2:3
19 июн, 23:45 Шветсия — Фаронса
19 июн, 23:45 Инглистон — Украина
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи D: 1. Фаронса – 4 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 3-1). 2. Инглистон – 4 (4-3). 3. Украина – 3 (2–3). 4. Шветсия – 0 (3-5).

ЧАҲОРЯКФИНАЛ

21 июн, 23:45 №1: Ҷумҳурии Чех— Португалия
22 июн, 23:45 №2: Олмон — Юнон
23 июн, 23:45 №3: Испания — ҷойи 2-юм дар гурӯҳи D
24 июн, 23:45 №4: ҷойи 1-ум дар гурӯҳи D — Италия

НИМФИНАЛ

27 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№1) — Ғолиби 1/4 (№3)
28 июн, 23:45 Ғолиби 1/4 (№2) — Ғолиби 1/4 (№4)

ФИНАЛ

1 июл, 23:45 Ғолиби нимфинали №1 — Ғолиби нимфинали №2

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG