Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи се кишвар роҷеъ ба Қарабоғи кӯҳистонӣ


Амрикову Фаронса ва Русия рӯзи душанбе дар эъломияи муштарак аз Арманистону Озарбойҷон хостанд, ки барои ҳали муноқишаи тӯлонӣ дар Қарбоғи Кӯҳистонӣ “қадамҳои мушаххас” бардоранд. Ин эъломия дар мулоқоти 20 кишвари санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 20, ки дар Мексика баргузор шуд, ба нашр расид.

Аз сӯи дигар, рӯзи душанбе гурӯҳи сафирон дар Минск дар Порис бо вазирони корҳои хориҷаи Арманистону Озарбойҷон мулоқот карданд. Онҳо аз нақзи муқаррарот дар имтидоди марзи миёни ду кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
XS
SM
MD
LG