Рӯзи душанбе Шӯрои низомии Миср таъйид кард, ки то поёни моҳи ҷорӣ ҳукуматро ба раиси ҷумҳури интихобшуда таслим хоҳад кард. Номи номзаде, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз шудааст, рӯзи панҷшанбе 21 июн эълон хоҳад шуд.
Аммо рӯзи душанбе ҳукумати низомӣ эълон кард, ки фаъолияти ниҳоди қонунгузорро бар ӯҳдаи худ мегирад. Вазорати дифои Амрико аз ин иқдоми Шӯрои Низомӣ амиқан изҳори нигаронӣ кардааст. Иттиҳодияи Аврупо низ изҳори умед кардааст, ки гузори демократӣ зери суол нахоҳад рафт.