Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Маскав фардо ҳам идома хоҳад кард


Даври навбатии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон, ки имрӯз дар Маскав шурӯъ шуд, фардо идома хоҳад кард. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар мавқеъҳои худ қарор доранд ва аммо муҳити гуфтушунид хайрхоҳона аст.

Дар музокирот ҳайатҳои панҷ кишвари узви домии Шӯрои амнияти СММ – Бритониё, Чин, Фаронса, Русия, ИМА ба изофаи Олмон ва ҳамчунин раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ширкат доранд. Ба ҳайати Эрон дабири Шӯрои олии амнияти миллии кишвар Саид Ҷалилӣ раҳбарӣ мекунад.

Кишварҳои пешрафта талош доранд то Эрон ба нозирони Оонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ иҷозаи вуруд ба муассисаҳои ҳастаиро диҳад то онҳо ба аҳдофи осоиштаи барноами ҳастаии Теҳрон мутмаин шаванд. Эрон бошад мехоҳад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳаққи кишвар барои ғанисозии ураниумро эътироф кунад.
XS
SM
MD
LG