Дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 дастаҳои Олмон ва Португалия ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфтанд. Олмон бар Дания бо ҳисоби 2:1 ва Португалия низ бо ҳисоби 2:1 бар Голландия ғолиб омаданд. Акнун дастаи Олмон 22 июн дар шаҳри Гданск бо Юнон ва дастаи Португалия 21 июн дар Варшава бо дастаи ҷумҳурии Чех бозӣ мекунанд.