Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар сӯхтори маҳбаси Туркия


Дар сӯхтори маҳбаси Туркия, ки баъд аз нооромии миёни маҳбусон ба вуқӯъ пайваст, 13 маҳбус ба ҳалокат расидаанд. Бино ба бархе аз маълумот, сӯхтор замоне иттифоқ афтод, ки маҳбусон ба нишонии эътироз аз вазъи зиндон рахтихобҳои худро оташ заданд. Сӯхторнишонҳо танҳо пас аз 90 дақиқа тавонистанд, оташро хомӯш кунанд. Вакили порлумон аз Ҳизби курдии сулҳ ва демократия низ дар байни маҳбусон будааст, вале аз сӯхтор осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG