Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 зоири шиъа дар таркиши Бағдод


Аз таркиши мошини бомбгузоришуда дар Бағдод, пойтахти Ироқ- ба камияш 25 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки ҳазорон нафар аз зоирони шиъа ба маросими гиромидошти имом Мӯсо ал-Казим ҷамъ омада буданд. Дар мавҷи хушунатҳо зидди ин маросим дар Ироқ 72 зоири шиъа кушта шудаанд. Масъулияти ҳамлаҳои рӯзҳои гузаштаро шӯъбаи ироқии ал-Қоида бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG