Раҳбари мухолифони Миянмар, Аунг Сан Су Чӣ рӯзи шанбе дар Осло, пойтахти Норвегия, Ҷоизаи сулҳи Нобелро, ки дар соли 1991 бурда буд, пазируфт. Вай гуфт, ин ҷоиза, ки 21 сол пеш, дар ҳоле ба ӯ дода шуд, ки дар маҳбас буд, барояш ёрӣ кард, муҳосира ва сукути артофашро бишаканда ва ҷаҳонро ба имдоди демократия дар ватани зери ҳокимияти ҳарбиёнаш фаро хонад. Сан Су Чӣ, ки 15 соли охир, аз соли 1989 то раҳоияш дар соли 2010 дар ҳабси хонагӣ буд, ҳеҷ бор кишварашро тарк накардааст, зеро ҳарос дошт, ки ҳокимони низомӣ ба бозгашти ӯ роҳ нахоҳанд дод. Писарони ӯ Ким ва Александр дар соли 1991 ҷоизаро аз номи модари худ пазируфта буданд. Як сол баъдаш Сан Су Чӣ эълом дошт, ки 1 миллиону 300 ҳазор долларо барои ташкили хазинаи беҳдошт ва маорифи мардуми худ сарф хоҳад кард.