Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фараж": Қарордоди ҳукумат бо IRS бознигарӣ шавад


Масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои "Азия-Плюс" дар меҳвари матолиби аксар нашрияҳои чопи Душанбе қарор гирифтааст.

"ИМРӮЗ-НЮЗ"

Дар матлабе ин иқдомро "аҷиб ва суолзо" донистааст. Ба навиштаи нашрия, суоли матраҳ ин аст, ки "чаро Хадамоти алоқа ба сабабҳои техникӣ сайти "Азия-Плюс"-ро масдуд кардааст? Баъд кадом сабабҳои техникӣ ва кадом кори профилактикиро бояд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон анҷом диҳад?" Аз сӯи дигар нашрия менависад, "агар воқеан ҳам масъалаи маҳдуд сохтани дастрасӣ ба сайтҳо ба масоили амниятии Тоҷикистон дахл дорад, пас, бояд ин масъаларо вазорати фарҳанг ҳал кунад."

"НИГОҲ"

Иқдоми охири Хадамоти алоқаро "саҳв"-и Бек Зуҳуров, раҳбари ин ниҳоди давлатӣ унвон кардааст. Нашрия сабаби масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои "Азия Плюс"-ро норӯшан медонад ва менависад, "дар сурате, ки провайдерҳои интернетрасон ва Хадамоти алоқа бидуни санади огоҳинома сомонаҳоро маҳдуд карданд, барои ин беамалии мақомот "Азия-Плюс", ба истилоҳ гурдае дорад, ки ба суд муроҷиат кунад ва Зуҳуровро барои "саҳв"- и чанд соатааш дар маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад?"

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар матлаби кӯтоҳе навиштааст, ки "раҳбари Хадамоти алоқа Бек Зуҳуров сабаби аслии масдуд кардани сайтро вуҷуди тӯҳмату таҳқир нисбати мансабдорони давлатӣ дар шарҳи хонандагон донистааст. Нашрия дар ин матлаб навиштааст, "оҷонсӣ тасмим гирифт, ки яке аз назарҳоро аз матлаби сайт бигирад, чун ба қонунгузории Тоҷикистон мухолифат доштааст. Бек Зуҳуров ба навбати худ ваъда кард, ки сайт дар зудтарин фурсат фаъол карда мешавад."

"ОЗОДАГОН"

Мавзӯи миллатсозиро ба чолиш кашида ва ин суол - "Нахустин қадам барои миллатсозӣ чӣ бошад?"-ро матраҳ кардааст. Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик дар посух ба ин суол гуфтааст, "барои миллатсозӣ пеш аз ҳама худшиносиву худогоҳии миллӣ зарур аст." Зарафо Раҳмонӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги ҲНИТ низ дар посухи ин суол таъкид кардааст, ки "нахустин қадаме, ки барои бунёди як миллат бардошта мешавад, аз имондорӣ сахт вобаста аст." Зеро ба таъкиди Раҳмонӣ, "ҳар касе, ки имон дорад, ҳатман барои сохтани ватан, дӯст доштан ва ҳифз намудани он талош хоҳад кард."

"ФАРАЖ"

Бори дигар фаъолияти IRS - ширкати ба истилоҳ "пулчинак" дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба баррасӣ гирифта, аз иҷро нашудани ваъдаҳои ин ширкат интиқод кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, "ин ширкат, ки таъмири роҳ ва таъмини амнияти ронандагону мусофиронро бар ӯҳда дорад, ваъдахилоф шудааст." Ин ҳам дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрия, "гаронтарин нархи хидматрасонӣ дар ҷаҳонро ин ширкат дорад ва ҳар рӯз миллионҳо сомонӣ ба ҳисоби ин ширкат аз Тоҷикистон берун мешавад." Ба ин далел нашрия пешниҳод кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон шартномаи бо IRS бастаашро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG