Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сармуфаттиш"-и Русия маъзарат хост


Александр Бастрикин
Александр Бастрикин
Рӯзи панҷшанбе раиси ниҳоди федералии тафтишоти Русия дар рӯ ба рӯи ҳайати рӯзноманигорон аз сардабири рӯзномаи “Новая Газета” ба хотири намоиши “эҳсосоти бидуни назорат” маъзарат хост. Пеш аз он Александр Бастрикин бо Дмитрий Муратов вохӯрда, иттиҳоми таҳдиди марг ба муовини сардабири “Новая Газета” Сергей Соколовро, ки аз тарафи Бастрикин матраҳ шудааст, баррасӣ кард. Муратов рӯзи чоршанбе гуфта буд, ки вақте Бастрикин ба Соколов таҳдиди марг кард, номбурда кишварро тарк намуд. Баъди дастфишорӣ бо Бастрикин, Муратов гуфт, ки ҳаёти Соколов бо марг мувоҷеҳ нест ва ӯ маъзарати Бастрикинро қабул дорад. Рӯзи панҷшанбе чанде барвақттар аз ин мулоқот Бастрикин айбномаи Муратовро беасос хонда буд.
XS
SM
MD
LG