Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучархарон Армстронгро ба додгоҳ мекашанд


Дучархарон Ланс Армстронг-ғолиби ҳафткаратаи Тур де Франс
Дучархарон Ланс Армстронг-ғолиби ҳафткаратаи Тур де Франс
Ғолиби ҳафткаратаи мусобиқаи Тур де Франс Ланс Армстронг бо истифодаи допинг муттаҳам мешавад. Дар ҳоли исботи айбнома яке аз машҳуртарин варзишгарони олам метавонад аз унвонҳояш маҳрум шавад.
Ниҳоди мубориза бо допинги ИМА ба Армстронг хабар додааст, ки тафтиши расмии намунаи хуни ин дучархарон дар солҳои 2009-ум ва 2010-ум нишон медиҳад, ки ӯ аз давои эритропоетин истифода бурда, ҳамчунон ғайрирасмӣ хуни худро табдил кардааст.
Аммо Армстронг иброз доштааст, ки айбнома беасос аст ва ӯ дар ин муддат беш аз 500 дафъа мавриди озмоиш қарор гирифта, боре ҳам ноком нагаштааст.
XS
SM
MD
LG